Муовини намояндагии Эрон : Таҳрими мардуми Эрон-ҷиноят алайҳи башарият аст
Заҳро Иршодӣ-сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард:Эҷоди таҳримҳои якҷониба алайҳи мардуми Эрон ба вижа таҳримҳои доруӣ ва ақломи башардӯстона иқдоми ҷинояткорона ва муодил бо ҷиноят алайҳи башарият аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Заҳро Иршодӣ-сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар нишасти солонаи камиссиюни тавсеаи иҷтимои Созмони Миллал афзуд : Таҳримҳои ғайриқонӯнӣ дастрасии ақшори осебпазири ҷомеъа дар кишварҳои таҳти таҳрим аз ҷумлаи Эронро ба ақлому колоҳои аввалияи пизишкӣ бисёр душвор карда, ки дар натиҷаи он ҷону саломати шаҳрвандон дар маърази хатар қарор гирифтааст .
Вай тасреҳ кард : Таъмини дору, таҷҳизот ва колоҳои беҳдоштӣ ба воситаи маҳдудиятҳои шадиди эҷодшуда бар манобеи арзӣ аз ҷумла ақломи башардӯстона бо мавонеъи ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст . Ин иқдомоти ғайриқонӯнӣ мустақиман бар зиндагии осебпазиртарин шаҳрвандони Эрон аз ҷумлаи занон, кӯдакон ва беморон таъсири манфӣ гузоштааст .
Дипломати аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал изҳор дошт : Масъалаи бисёр мутаассиркунанда ин аст, ки бисёре аз кӯдакон дар натиҷаи чунин иқдомоти ғайриинсонӣ ҷони худро аз даст додаанд .
Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард : Ба унвони намояндаи кишваре, ки мардуми он дар маърази ваҳшиёнатарин шакли тероризми иқтисодӣ ва иқдомоти қаҳрии якҷонибаи ғайриқонӯнӣ аз сӯии Иёлоти Муттаҳида қарор доранд, хостори лағви комилу фаврии тамомии иқдомоти қаҳрии якҷониба аз ҷумла таҳримҳо ба манзури тазмини дастёбии комил ба тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳастам .
Вай изҳор дошт : Дар шароити кунунӣ ، давлати Эрон бастаҳои молии вижау тарҳҳои тавонбахшии иҷтимоӣ ва иқтисодиро барои ақшори фақиру афроди осебпазир ҳамроҳ бо иқдомоти ҳимоятии иқтисодӣ ба вижа барои машоғили кучак ироа кардааст .
Иршодӣ гуфт : Дар ин миён барномаҳои дармонӣ барои ҳудуди 4 миллион паноҳҷуи қонунӣ ва ғайриқонунии афғон тадорук дида шудааст .
Вай идома дод : Системаи Созмони Миллали Муттаҳид ва ожонсҳои тахассусӣ он метавонанд нақши муҳимме дар табодули таҷрибиёти муваффақи кишварҳо дар иҷрои пружаҳои тавонбахшии иқтисодӣ-иҷтимоӣ пас аз Ковид ва ҳамчунин басиҷи манобеи молии байналмиллалӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи миллии мавриди назар дар даврони пасо Ковид дошта бошанд .
Бештар бихонед :