Нигаҳдории қадимитарин нусхаҳои хаттии “Наҳҷ-ул-балоға” дар Китобхонаи миллии Эрон
(last modified Wed, 16 Feb 2022 04:58:52 GMT )
Феврал 16, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории қадимитарин нусхаҳои хаттии “Наҳҷ-ул-балоға” дар Китобхонаи миллии Эрон

Ганҷинае аз қадимитарин нусхаҳои хаттии “Наҳҷ-ул-балоға”, дарбаргирандаи хутбаҳову номаҳои имом Алӣ (а) дар махзани насхи хаттӣ ва нодири Китобхонаи миллии Эрон нигаҳдорӣ мешавад.

“Наҳҷ-ул-балоға” - баргузидае аз номаҳо, хутбаҳо ва суханони имом Алӣ (а) аст, ки Сайид Разӣ дар авохири қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ онҳоро ҷамъоварӣ кард.

Қадимитарин нусхаи “Наҳҷ-ул-балоға” марбут ба рамазони соли 521 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Гирдоварии ин асар ба ҳиммати Булҳасан Муҳаммад бин Ҳусайн бин Мӯсо, машҳур ба Сайид Разӣ ва Шариф анҷом шудааст.

Котиби ин нусхаи қадимӣ Муҳаммад бин Абулқосим бин Мӯсо бин Халил аст, ҳавошии ин нусхаи нафис ба дастхати Сайид Ҳайдари Омулӣ дар соли 708 ҳиҷрии қамарӣ навишта шудааст.

Яке дигар аз нусхаҳои нафиси “Наҳҷ-ул-балоға” мутааллиқ ба соли 631 ҳиҷрии қамарӣ аст ва Бин Асъад бин Муҳаммад бин Шаърва котиби ин нусха буда, ки ба хати муҳаққиқ ва насх бар рӯйи коғази самарқандӣ навишта шудааст.

Аз дигар насхи нафиси хаттии “Наҳҷ-ул-балоға” метавон ба китобати Алӣ бин Муҳаммад Зайд ишора кард. Ин китоб мутааллиқ ба соли 704 ҳиҷрии қамарӣ ва хати насху коғази самарқандӣ аст.

“Дуоуссабоҳ” –и Алӣ бин Абитолиб (а) аз дигар насхи хаттӣ, ки котиби он Муҳаммадризо Табрезӣ аст.