Феврал 16, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи қиёми мардуми Табрез

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар остонаи солрӯзи қиёми 29 баҳмани мардуми Табрез дар соли 1356 (18 феврали 1978) зидди режими истибдодии тоғут аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо мардуми Озарбойҷони Шарқӣ сухан хоҳанд гуфт.

Ин барнома субҳи панҷшанбеи 28 баҳмани 1400 баргузор мешавад ва баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба сурати зинда аз пойгоҳи иттилоърасонии KHAMENEI.IR ва шабакаҳои расонаии миллӣ пахш хоҳад шуд. Ба иллати риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ, ин дидор барои дуюмин соли паёпай аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо мардуми ҳозир дар мусаллои Табрез баргузор мешавад.

 

Барчасп