Охирин муқаррароти пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эрон эълом шуд
(last modified Wed, 16 Feb 2022 10:20:54 GMT )
Феврал 16, 2022 15:20 Asia/Dushanbe
  • Охирин муқаррароти пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эрон эълом шуд

Ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон (Ҳумо) шароити нави пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эронро эълом кард.

Ҳамаи мусофирони болои 12 сол дар парвозҳои вурудӣ ба Эрон бояд дар маҳдудаи 72 соат монда ба парвоз иқдом ба анҷоми озмоиши PCR анҷом диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, мусофирони вурудӣ бояд гувоҳии ҷавоби манфии тести коронаро ба забони англисӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Бар асоси эъломи ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон, мусофирони болои 12 сол бо тобеияти ғайриэронӣ низ илова бар тести PCR,бояд дорои корти ваксинатсияи корона ба забони англисӣ буда ва аз охирин навбати тазриқи онон 14 рӯз гузашта бошад.

Ҳамчунин мусофироне, ки аз замони ваксинатсияи онҳо беш аз 9 моҳ гузашта бошад, бояд дозаи воксани такмилиро дарёфт карда бошанд ва корти онро ба забони англисӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Такмили форми худизҳории пайваст тавассути мусофирон низ пеш аз парвоз илзомӣ аст.