Феврал 16, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар, ҳафтаи оянда

Сафири Эрон дар Давҳа, ҷузиёти сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатарро эълом кард.

Рузномаи Алқудсул Арабӣ ба нақл аз манобеъи дипломатии Қатар эълом карда буд, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе ҳафтаи ҷорӣ барои ройзани дар бораи масоили минтақа ва парвандаи ҳастаӣ ба Қатар сафар мекунад. Аммо сафири Эрон дар Давҳа имрӯз эълом кард, ки сафари Раисӣ ба Қатар ҳафтаи оянда хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамидризо Деҳқонӣ, сафири Эрон дар Давҳа дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар дар ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Деҳқонӣ афзуд, Раисӣ ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳ, илова бар дидору мулоқотҳои дуҷониба, дар иҷлоси кишварҳои содиркунандаи газ низ ширкат хоҳад кард.

Мақомоти қатарӣ то чанд рӯзи дигар мизбони иҷлоси бузурги газ дар Давҳа хоҳанд буд, шайх Тамим амири Қатар ҳафтуми баҳман моҳи имсол муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи кишварашро роҳи Теҳрон кард то даъватномаи ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони меҳмони вижаи иҷлоси гази Қатарро тақдими Сайид Иброҳими Раисӣ кунад.

Эрон баъд аз Русия дорои бештарин захираҳои гази ҷаҳон аст ва Қатар дар рутбаи севвум қарор дорад ва бузургтарин манбаъи муштараки табиъии гази ҷаҳон низ дар ихтиёри Эрон ва Қатар аст.

Аъзои маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ 44 дарсад аз тавлиди гази ҷаҳон, 67 дарсад аз захоири гази ҷаҳон, 64 дарсад аз интиқоли газ бо хати лула ва 66 дарсад аз тиҷорати гази табиъии моеъ шуда (Эл эн эи)-ро дар ихтиёр доранд.

Кишварҳои Алҷазоир, Боливия, Миср,  Гвинеяи Устувоӣ, Эрон, Либӣ, Нигерия, Қатар, Русия, Тринидад ва Тобаго, Венесуела, 11 узви аслии маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ ҳастанд ва Ҳоланд, Норвегия, Ироқ, Уммон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Аморот ба унвони аъзои нозир дар ин маҷмуъа ширкат мекунанд.

 

Барчасп