Феврал 17, 2022 14:02 Asia/Dushanbe

Раҳбари маззамин инқилоби исломӣ дар дидори видеоӣ бо мардуми устони Озарбойҷони Шарқӣ таъкид карданд: Пирӯзии ин инқилоб ба хотири ҳузури мардум аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ (панҷшанбе) 28 баҳмани 1400 дар остонаи солрӯзи қиёми 29 баҳмани мардуми Табрез дар соли 1356 дар иртиботи видеоӣ бо мардуми устони Озарбойҷони Шарқӣ гуфтанд: Ин инқилоб на бо туфанг ва сиёсикори ва ҳизбози балки ба хотири ҳузури мардум ба пирӯзи расид.

  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома афзуданд: Ҳузури мардум ин иқилобро ба пирӯзи расонд, ки сароғози он дар Табрез анҷом шуд.
  • Эшон хотирнишон карданд: Дар тули таърих аз 4 қарн пештар Озарбойҷон пешравони ваҳдати милли буд яъне Озарбойҷон як маркази муҳим барои таълими истодагии мардум буд.
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Яке аз имтиёзоти бузурги Озарбойҷон ин буд, ки ҳамеша парчами аҳлибайт дар дасти мардумаш буда аст ва ин парчам дар тули ин чанд қарн аз эҳтизоз наюфтода аст.
  • Раҳбари маззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Мардуми Табрез коре карданд, ки ҳаракати майдонии мардум оғоз шуд.

Ба илати риъояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ, ин дидор барои дувумин соли пай дар пай аз тариқи видеоӣ бо мардуми ҳозир дар мусалои Табрез баргузор мешавад.

Хабар такмил мешавад....

 

Барчасп