Феврал 18, 2022 15:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо шаҳрдори Машҳад

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо Сайид Абдуллоҳи Арҷоӣ, шаҳрдори Машҳад дидору гуфтугӯ кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин дидор гуфт, Тоҷикистон ба лиҳози иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ, ки бо мо дорад, дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст ва бо тавваҷуҳ ба ин мавзуъ густариши равобит бо ин кишвар мавриди назари ҳамаи аркони низом аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ афзуд, имсол сиюмин соли барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Эрон аввалин кишваре буд, ки дар Тоҷикистон сафоратхона боз кард.

Вай изҳор дошт: Ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоб равобити мо ва Тоҷикистон равобити хешовандиву қавму хешӣ аст ва тайи чанд соле, ки дар Тоҷикистон ба унвони сафир машғули фаъолият ҳастам, равобит густариш пайдо кардааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон хотирнишон кард, иттифоқоти хуберо тайи чанд моҳи ахир дар равобити миёни Эрон ва Тоҷикистон шоҳид будаем, ки муҳимтарини он сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкории Шанхай буд.

Собирӣ идома дод, дар ростои сиёсати ҳамсоягии мавриди таъкиди раиси ҷумҳур, сафарҳои эшон низ аз Тоҷикистон оғоз шуд ва дар масири беҳбуди равобит бо Тоҷикистон иқдомоти хубе тайи чанд моҳи гузашта анҷом шудааст.

Ӯ афзуд, дар канори густариши муносиботи сиёсӣ, ба дунболи тавсеаи муносиботи иқтисодиву фарҳангӣ низ ҳастем, ки дар ҳамин росто ду гуруҳи театрии тоҷикистонӣ дар Ҷашнвораи театри Фаҷр ширкат карда ва дар Машҳад намоиш иҷро карданд.