Қаҳрамонии зудҳангоми тими футзали зери 19 соли Эрон дар мусобиқоти КАФА
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i81440-Қаҳрамонии_зудҳангоми_тими_футзали_зери_19_соли_Эрон_дар_мусобиқоти_КАФА
Тими футзали зери 19 соли Эрон бо пирӯзӣ баробари тими Қирғизистон, қаҳрамони зудҳангоми мусобиқоти КАФА шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 18, 2022 16:32 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии зудҳангоми тими футзали зери 19 соли Эрон дар мусобиқоти КАФА

Тими футзали зери 19 соли Эрон бо пирӯзӣ баробари тими Қирғизистон, қаҳрамони зудҳангоми мусобиқоти КАФА шуд.

Тими футзали зери 19 соли Эрон (панҷшанбе) дар сеюмин дидори худ аз мусобиқоти КАФА баробари Қирғизистони мизбон рафтанду тавонистанд бо натиҷаи 6 бар як аз садди ҳарифи худ убур кунанд ва ба қаҳрамонии зудҳангом дар ин рақобатҳо даст ёбанд.

Шогирдони Алии Сонеӣ пеш аз ин муваффақ шуда буданд, ки тимҳои Афғонистон ва Тоҷикистонро низ шикаст диҳанд.

Тими Эрон дар охирин дидори худ дар ин мусобиқот, шанбе ба масофи Узбакистон хоҳад рафт.

Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иттиҳоде аз федератсиҳои футболи 6 кишвар (Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбакистон) дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар соли 2014 ташкил шуд.