Иртиботи утоқҳои бозаргонӣ ва тавсеаи гардишгарӣ – мавзӯи ройзанӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон
(last modified Fri, 18 Feb 2022 14:59:28 GMT )
Феврал 18, 2022 19:59 Asia/Dushanbe
  • Иртиботи утоқҳои бозаргонӣ ва тавсеаи гардишгарӣ – мавзӯи ройзанӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон

Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Алиризо Муртазавӣ, мудиромили Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон бо ҳам дидору ройзанӣ карданд.    

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз равобити умумии Ширкати намоишгоҳҳои байналмилалии устони Исфаҳон, ин дидор рӯзи 17 феврали соли ҷории 2022 дар Исфаҳон, дар ҳошияи понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ ва дандонпизишкӣ анҷом шуд.  

Котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, зимни ин дидор, ҷонибҳо дар хусуси тавсеа ва густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ табодули назар карданд.

Маъруфҷон Абдураҳмонов муштаракоти забониву фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамзамбонро бисёр дорои аҳамият донист ва аз Тоҷикистон ва Эрон ба унвони ду кишваре, ки дар дунё ба забони форсӣ суҳбат мекунанд, ном бурд.

Алиризо Муртазавӣ, мудиромили Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон изҳор дошт: Дар дуюмин дидору гуфтугӯи ҳошияи Намоишгоҳи таҷҳизоти пизишкии Исфаҳон, мизбони котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон будем.

Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон

 

Алиризо Муртазавӣ гуфт: Ба оқои Маъруфҷон Абдураҳмонов гуфтам, кишвари Тоҷикистон аз назари забониву фарҳангӣ барои мо эрониён бисёр муҳим аст. Мо хоҳони иртиботи тиҷорӣ дар ду ҳавзаи мушаххас ҳастем: нахуст мавзуи барқарории иртибот бо Утоқи бозаргонии Тоҷикистон аст то битавонем бо баргузории намоишгоҳҳо заминаи ошноии бештари тоҷирону соҳибони касбу кори Эрон ва кишвари Тоҷикистонро фароҳам кунем. Мавзуи дувум, барқарории иртибот дар ҷиҳати густариши гардишгарӣ ва ҷазби туризм аст.

Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон

 

Оқои Муртазавӣ афзуд: Бовар дорем, дар сурате, ки муваффақ шавем намоишгоҳҳое бо мавзуоти тахассусӣ ва бо рӯйкарди муаррифии саноеъро дар кишвари Тоҷикистон баргузор кунем, аз ин тариқ саноатгарону бозаргонон бо зарфиятҳои кишвари Тоҷикистон бештар ошно мешаванд ва метавонанд заминаи ҳамкорӣ дар ояндаро беш аз имрӯз эҷод кунанд.

Ҳамчунин ду тараф дар ин дидор қавли мусоиди ҳамкорӣ доданд то иртибототи Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон ва Утоқи бозаргонии Тоҷикистонро барои табодули назар ва ҳамкориҳои муштарак ва баргузории рӯйдодҳои намоишгоҳӣ дар ояндаи наздик фароҳам оваранд.

Ширкатҳое аз устонҳои Исфаҳон, Теҳрон, Занҷон, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил, Гулистон ва Албурз дар понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъ фазои намоишгоҳӣ ва вусъат дорад, ҳузур ёфтанд.

Намоишгоҳи тахассусии Исфаҳон

 

Котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ба сурати мустақим аз ин намоишгоҳ боздид кард.

Понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон оғоз шудааст, то аввали исфандмоҳ бо рӯйкарди комилан тахассусӣ барпо хоҳад буд. Ин намоишгоҳ ширкатҳои фаъол дар ҳавзаи таҷҳизоти озмоишгоҳӣ (маводи шимиёии озмоишгоҳӣ, васоил ва дастгоҳҳо, кобинети вижа барои озмоишгоҳҳо, шишаҳои озмоишгоҳӣ), васоилу таҷҳизоти пизишкӣ ва дандонпизишкӣ (дастгоҳҳову лавозими дандонпизишкӣ, васоили бемористонӣ, таҷҳизоти тавонбахшӣ, муҳандисии таҷҳизоти пизишкӣ, газҳои тиббӣ, маҳсулоти оптикӣ ва...), маҳсулоти муқобила бо бемории корона (тавлидкунандагони маҳсулоти спиртӣ, маводи зиддиуфуникунанда, тавлидкунандагони анвои ниқоб, дасткаш, ва...) ва таҷҳизоти ёрии таъҷилӣ ва имдоду наҷотро гирдиҳам ҷамъ карда то ҷадидтарин маҳсулоти худро дар маърази боздиди умумӣ қарор диҳанд.