Феврал 18, 2022 20:24 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Кобул: Омодаи ҳар навъ сармоягузорӣ дар Афғонистон ҳастем

Сафири Эрон дар Кобул гуфт, мақомоти Эрон омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Афғонистон ҳастанд.

Баҳодури Аминиён дар дидор бо мавлавӣ Абдурраҳмон Рошид, сарпарасти Вазорати зироат, обёрӣ ва молдории ҳукумати Толибон гуфт: Мо омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Афғонистон ва алоқаманди харидории маҳсулоти зироатии Афғонистон ҳастем.

Аминиён афзуд, зироати хуб дар Афғонистон сабаби коҳиши муҳоҷирати мардум ба кишварҳои берунӣ мешавад.

Вай баъзе маҳсулоти зироатии Афғонистонро дар ҷаҳон беназир хонд ва итминон дод, ки пас аз ин бештари воридоти кишварашро маҳсулоти Афғонистон ташкил хоҳад дод.

Мавлавӣ Абдурраҳмон Рошид, сарпарасти Вазорати зироати ҳукумати Толибон низ дар ин дидор гуфт, бо ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар бахши зироату молдорӣ Афғонистон дубора обод хоҳад шуд ва ободии Афғонистон сабаби эҷоди оромишу ободии кишварҳои ҳамсоя мешавад.

Рошид таъкид кард, зироату молдории Афғонистон бояд аз шакли суннатӣ ба шакли асрӣ табдил шавад.

Вай афзуд: Мо дар кишвари худ об, замин ва неруи кофӣ дорем, аммо неруи ҷавони кишвар ба дигар кишварҳо муҳоҷират мекунанд, дар ҳоле ки Афғонистон бештар ба сохтусоз ниёз дорад.

 

Барчасп