Баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Эрон ва Тоҷикистон
Ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба густариши равобити фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ҳар ду тафар барномаҳои мутанавеъ пешбинӣ шуд, ки баргузории ҳафтаи фарҳангӣ дар шаҳрҳои мухталифи ду кишвар ва ҳафтаи филми миллии Эрон дар Тоҷикистон аз ин барномаҳо аст.
- Муҳаммадтақӣ Собири бо ишора ба иқдомоти сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои густариши равобити фарҳангии ду кишвар изҳор кард: Имсол ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии мухталифе дар сатҳи ду кишвар тадорук дида шуд, ки яке аз ин барномаҳо ҳузур ва иҷрои ду намоиши ду гурӯҳи театри Тоҷикистон ба даъвати ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷр ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ дар Эрон аст.
- Вай афзуд: Бар ин асос гурӯҳҳои намоиши "Фирдавсӣ ва Лаъли Бадахшон" ба унвони меҳмони вижа дар чиҳилумин давраи ҷашнвораи театри Фаҷр дар Эрон ҳузур ёфта ва ба иҷрои намоиш пардохтанд. Ҳамчунин театри Фирдавсӣ пас аз иҷрои намоиш дар Теҳрон бо ҳамкории идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии Хуросони Разавӣ ва шаҳдорӣ дар Машҳад ҳузур пайдо карда ва ба иҷрои намоиш пардохт.
Собирӣ бо ишора ба густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон пас аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии кишварамон ба ин кишвар баён кард: Дар сафари раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон ба муносибати ширкат дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои шанхай ҳашт тафоҳумномаи ҳамкорӣ ва як баёнияи муштарак байни раисони Ҷумҳурии ду кишвар ба имзо расид, ки умедворем ба зудӣ шоҳиди иҷроӣ шудани он бошем.
Вай таъкид кард: Бо таваҷҷуҳ ба иродаи мақомоти олии кишварҳо дар тавсеаи ҳамкориҳо ин барномаҳо ба зудӣ иҷроӣ хоҳад шуд.