Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Новшикани "Дамованд" ба зуди амалиётӣ мешавад
(last modified Sat, 19 Feb 2022 15:20:49 GMT )
Феврал 19, 2022 20:20 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Новшикани

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: "Дамованд" ба зудӣ амалиётӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир дарёдор Шаҳроми Эронӣ, аз навсозии новгони дарёии артиш хабар дод ва гуфт: Ба зудӣ новшикани "Дамованд" ба об андохта ва амалиётӣ мешавад.

  • Ба гуфтаи дарёдор Эронӣ: Дар ҳавзаҳои мухталифи дарёӣ, шиноварӣ, парвозӣ ва зерсатҳӣ дастовардҳои хеле хубе дар бахши ягонҳо,  таҷҳизот ва таслиҳот ва дар бахши мушакӣ афзоиши бурд доштаем.
  • Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш афзуд: Дар бахши зерсатҳӣ, аждарҳо, ҳам афзоиши диққат ва ҳам афзоиши бурдӣ дошта аст ва ҳамаи ин таҷҳизот пас аз анҷоми марҳалаҳои озмоиш ба баданаи нерӯи дарёии артиш илҳоқ шуда аст.

Новшикани "Дамованд" соли 2011 дар бандари Анзалӣ ба об андохта шуд.

"Дамованд" соли 2014 вориди марҳалаи озмоиш шуд ва пас аз пушти сар гузоштани озмоишҳо ва дарёнавардиҳои озмоишӣ саранҷом ба новшикани шимол ва минтақаи чаҳоруми нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваст.