Рушди 51 дарсадии содироти Эрон ба кишварҳои узви ЭКО
Сухангӯи гумруки Эрон аз рушди 51 дарсадии содироти Эрон ба кишварҳои узви ЭКО хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии гумруки Эрон,Сайидруҳуллоҳ Латифӣ гуфт : Тиҷорати хориҷии Эрон бо кишварҳои узви ЭКО имсол ( 1400 ) ба 13 миллиарду 110 миллиону 812 ҳазору 971 доллар ва ба вазни 24 миллиону 758 ҳазору 827 тон коло расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ( 1399 ) 41 дарсад дар арзиш ва 25 дарсад дар вазн афзоиш нишон медиҳад .
Латифӣ афзуд : Дар 10 моҳаи имсол ( 1400 ) аз маҷмӯи тиҷорати 13 миллиарду 111 миллион долларии Эрон бо ЭКО 21 миллиону 35 ҳазору 955 тон коло ба арзиши 8 миллиарду 419 миллиону 595 ҳазору 135 доллар марбут ба содирот будааст .
Сухангӯи гумруки Эрон дар хусуси мизони содироти коло ба ҳар як аз аъзои ЭКО гуфт : Аз байни 9 кишвари узви ЭКО Туркия, Афғонистон ва Покистон аслитарин мақосиди колоҳои эронӣ ба ЭКО буданд .
Эрон, Туркия, Покистон, Тоҷикистон,Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбекистон 10 кишвари узви ЭКО ҳастанд .
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ба англисӣ : Economic Cooperation Organization ) ба таври мухаффаф " ЭКО "- як созмони иқтисодии минтақаӣ аст.