Феврал 20, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Марзҳои ҷануби шарқии Эрон аз амнияти матлуб бархӯрдор ҳастанд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Марзҳои ҷануби шарқии Эрон аз амнияти матлубе бархӯрдор ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, дар оғози вуруд ба устони Систону Балучистон гуфт: Вазъияти амниятӣ дар марзҳои ҷануби шарқӣ нисбат ба солҳои гузашта хуб аст ва ба лиҳози сатҳи амниятӣ низ рӯз ба рӯз беҳтар мешавад ва ҳеҷ мушкили асосӣ дар ин робита вуҷуд надорад.

  • Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ афзуд: Марзи муштараки Эрон ва Покистон марзҳои сулҳ ва дустӣ аст ва рафту омад ва тиҷорат дар ин арса барқарор аст.
  • Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин дар хусуси марзҳои Эрон ва Афғонистон бо вуҷуди мушкилоте, ки дар кишвари ҳамсоя аст гуфт: Марзҳои муштарак аз амнияти матлуб бархӯрдор аст ва чунончи масоили ҷузъӣ ҳам бошад марзбонони ду кишвар ҳаллу фасл мекунанд.

 

Барчасп