Касби 7 медали куштигирони Эрон дар мусобиқоти Булғористон
(last modified Sun, 20 Feb 2022 13:56:52 GMT )
Феврал 20, 2022 18:56 Asia/Dushanbe
  • Касби 7 медали куштигирони Эрон дар мусобиқоти Булғористон

Тимҳои мунтахаби куштии Эрон, дар рақобатҳои байналмиллалии Булғористон бо касби 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷ ба кори худ поён доданд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, рақобатҳои байналмиллалии куштии озод ва фарангии Ҷоми Донклов ва Николай Петрови Булғористон дар шаҳри Велико Тирново баргузор шуд ва дар поён тими Эрон дар маҷмуъ ба 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷ даст ёфт.

Бар ин асос дар куштии фарангӣ, Саъиди Исмоилӣ ва Майсами Дилхонӣ дар вазнҳои 60 ва 63 килограмм ба медали тилло ва Алиризо Абдулӣ ва Алиризо Меҳмадӣ дар вазнҳои 72 ва 82 килограмм ба медали биринҷ даст ёфтанд.

Дар куштии озод низ дар вазни 97 килограмм Майсами Абдӣ ба медали нуқра ва дар вазнҳои 79 ва 125 килограм Мустафо Қиёсӣ ва Ядуллоҳи Муҳиббӣ ба медали биринҷ даст ёфтанд.