Мушовири гурӯҳи музокиракунандаи Эрон: Ҳамаи таҳримҳои зидди Эрон бояд бартараф шаванд
(last modified Mon, 21 Feb 2022 09:30:22 GMT )
Феврал 21, 2022 14:30 Asia/Dushanbe
  • Мушовири гурӯҳи музокиракунандаи Эрон: Ҳамаи таҳримҳои зидди Эрон бояд бартараф шаванд

Мушовири гурӯҳи музокиракунандаи Эрон дар музокироти Вена эълом кард, ҳамаи таҳримҳо зидди Эрон бояд рафъ шаванд.

Муҳаммади Марандӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "ПрессТв" афзуд: “музокиракунандагони Эрон бар асоси қонӯне, ки дар гузашта Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон онро тасвиб кард, музокира мекунанд, бинобар ин онҳо музокиротро ба гунае ба пеш мебаранд то ин қонӯн нақз нашавад”.

Марандӣ бо баёни инки кишварҳои ғарбӣ бисёр ситезаҷӯ ҳастанд, афзуд: Музокироти ҷорӣ дар Вена бисёр душвораст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамоми аҳрумҳое, ки дар ихтиёр дорад истифода мекунад.

Вай тасреҳ кард, гурӯҳи музокиракунандаи Эрон дар Вена ин воқеиятро дунбол мекунад, ки қавонини мутафовите ва таҳримҳои мутафовите, ки тавассути Амрико бо ановини мухталиф тасвиб мешаванд ва ҳамаи онҳо бахше аз корзори фишори ҳаддиаксарӣ ҳастанд,бояд рафъ шаванд, хоҳ онҳо марбут ба барномаи ҳастаӣ, хоҳ муртабит ба ҳамкориҳои минтақаӣ, хоҳ муртабит бо тавоноиҳои мушакӣ ва ё иддаоҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи башар, ки кишварҳои ғарбӣ аз он ба унвони баҳонае барои нобудии кишварҳои минтақа истифода мекунанд, бояд ҳама рафъ шаванд.

Ройзаниҳо дар Вена дар чорчӯби даври ҳаштуми музокироти Вена байни Эрон ва гурӯҳи 1+4 (Олмон, Фаронса, Англия, Русия ва Чин) ва ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷараён аст.

Музокирот дар Вена ба далели ибтикори гурӯҳи музокиракунандаи Эрон, пешрафтҳоеро таҷруба кардааст, аммо тааллули тарафҳои ғарбӣ бавижа давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии давлати пешини Амрико ва тадовуми корзори фишори ҳаддиаксарӣ, мунҷар ба тардидҳое дар ҷиддияти ин кишвар барои бозгашт ба БарҶом ва тулонӣ шудани раванди гуфтугӯҳо шудааст.