Феврал 21, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёдошти тафоҳум барои пайванди шабакаи барқи Эрон ва Қатар

Раиси комисёни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатар аз имзои ёддошти тафоҳум барои пайванди шабакаи барқи Эрон ба Қатар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон ва раиси комисиёни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатар бо ишора ба сафари Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар гуфт: Дар ин сафаре, ки ба даъвати расмии амири Қатар анҷом шуд, ёдошти тафоҳум байни ду кишвар дар заминаи барқ, пайванди шабакаи барқи Эрон ба Қатар, мубодилоти коло, сармоягузорӣ, тавсеаи равобит дар заминаи манотиқи озод ва тиҷоратӣ, ҳавзаҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ изо мешавад.

Ба гуфтаи Меҳробиён ин сафар дорои аҳамияти бисёр зиёде буд ва метавонад дар тавсеаи равобити Эрон ва Қатар таъсиргузор бошад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз душанбе ба даъвати расмии шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ барои дидори расми ва ширкат дар шашумин иҷлосияи сарони кишварҳои содиркунандаи газ ба кишвари Қатар сафар кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ аз сӯи амири Қатар дар девони амирӣ, бо ӯ дидору гуфтугӯ кард. Музокироти ҳайати олии ду кишвар ва имзои чанд қарордод ва тафоҳумнома аз барномаҳои нахустин рӯзи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ҷамъи эрониёни муқими Қатар ҳузур меёбад ва нишасте низ бо тоҷирони қатарӣ ва эронӣ хоҳад дошт, Раисӣ дар дуввумин рӯзи сафар ба Давҳа дар шашумин иҷлоси сарони маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар ин иҷлос сарон ва мақомоти аршади кишварҳои содиркунандаи газ ҳузур доранд ва теъдоди аз онҳо дар ҳошияи нишаст бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

 

Барчасп