Феврал 21, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими истиқболи расмии амири Қатар аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Маросими истиқболи расмии амири Қатар аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар девони амирӣ баргузор шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон душанбе 2 исфанди 1400 ба Қатар сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати Ҷумҳур, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии шайх Тамим Ҳаммад Оли Сонӣ ва ба манзури дидори расмӣ ва ширкат дар шашумин иҷлоси сарони содиркунандаи газ ба кишвари Қатар сафар карда аст, дар девони амири Қатар мавриди истиқболи расмии шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ аз сӯи амири Қатар дар девони амир бо вай дидору гуфтугӯ кард.

Музокироти ҳайатҳои олии ду кишвар ва имзои чанд қарордод ва тафоҳумнома аз барномаҳои нахустин рӯзи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ҷамъи эрониёни муқими Қатар ҳузур меёбад ва нишасте низ бо тоҷиронӣ қатарӣ ва эронӣ хоҳад дошт.

Раисӣ дар дуввумин рӯзи сафар ба Давҳа дар шашумин иҷлоси сарони маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ ширкат ва суханронӣ мекунад.

Дар ин иҷлос, сарон ва мақомоти аршади кишварҳои содиркунандаи газ ҳузур доранд ва теъдоде аз онҳо дар ҳошияи нишаст бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ урдибиҳишти 1380 дар Теҳрон таъсис шуд. Ин маҷмаъ муташакил аз 11 кишвари Алҷазоир, Боливия, Миср, Гвинеяи Экваторӣ, Эрон, Либи, Нигерия, Қатар, Русия, Тринадад Тобага ва Венасуэла аст.

 

Барчасп