Баргузории намойшгоҳи Эрон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i81646-Баргузории_намойшгоҳи_Эрон_дар_Тоҷикистон
Намойшгоҳи махсуси IRAN EXPO-2022 дар Тоҷикистон гушоиш меёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намойшгоҳи Эрон дар Тоҷикистон

Намойшгоҳи махсуси IRAN EXPO-2022 дар Тоҷикистон гушоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шашумин намойшгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Исломии Эрон IRAN EXPO-2022 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин намойшгоҳ қарор аст аз 26 феврал дар кохи Борбад дар шаҳри Душанбе барпо шавад ва то 1 март идома дошта бошад.

50 ширкати эронӣ дар ин намойшгоҳ маҳсулоти саноати ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими хонагӣ, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, электроник ва мухобиротиро дар маърази диди боздидкунандагон қарор хоҳанд дод. Ин намойшгоҳ ҳамарӯза аз соати 9 то 17 доир аст.