Феврал 21, 2022 21:21 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Ҳақобаи Ҳирманд дар сатҳҳои мухталиф дар ҳоли пайгирӣ аст

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Масулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати шабонарӯзӣ дар ҳоли пайгирии мавзӯъи ҳақобаи Ҳирманд аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар оини баҳрабардорӣ аз тарҳи обрасонии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 18 рустои Ҳирманд дар Систону Балучистон, ҷануби шарқии Эрон афзуд: Масъала, ҷузъи асоситарин мавзуъоти Систону Балучистон аст, ки ниёзи аввалияи мардуми ин минтақа маҳсуб мешавад.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Неруҳои мусаллаҳ аз ҷумла артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ин амри муҳимро вазифаи худ медонад, ки ҳар он чи дар тавон дорад чи аз тариқи таҷҳизоти мунҳандисӣ, таҷҳизоти беҳдоштӣ ва дармонӣ, имконоти нақлиётӣ ва мутахасисон ва нерӯи инсонӣ худашро дар хидмат ва кумак ба мардум қарор медиҳад ва дар ин гуна тарҳҳо пешқадам мебошад.

Тарҳи обрасонӣ ба 18 рустони бахши Ҳирманд бо ҳузури сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, амири сарлашкар Сайд Абудраҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиш, амир сартип Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи неруи заминии артиш, сарҳанги халабон Вали Раҳмонӣ, фармондеҳи қароргоҳи маҳрумиятзудоии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломӣ ва теъдоде аз масъулони устон баҳрабардорӣ шуд.

 

Барчасп