Таъкиди Эрон бар хештандорӣ дар таҳаввулоти Украина
(last modified Tue, 22 Feb 2022 10:39:35 GMT )
Феврал 22, 2022 15:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар хештандорӣ дар таҳаввулоти Украина

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳаввулоти Украина тарафайнро ба хештандорӣ ва иҷтиноб аз ҳар гуна иқдоме, ки ба ташдиди танишҳо дар Украина мунҷар шавад, даъват кард.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар хусӯси охирин таҳаввулот дар Украина гуфт, мо бо ҳассосият мавзуоти муртабит бо ин кишварро пайгирӣ мекунем.

Вай афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон тамомии тарафҳоро ба хештандорӣ даъват ва муътақид аст, бояд аз ҳаргуна иқдоме, ки ба ташдиди танишҳо мунҷар шавад иҷтиноб кард.

Хатибзода ҳамаи тарафҳоро барои талош ба манзури ҳалу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ ва дар чорчӯби мусолиматомез фарохонд ва афзуд, муттаассифона мудохилоту иқдомоти таҳрикомези НАТО бо меҳварияти Амрико шароитро дар ин минтақа печидатар кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп