Феврал 23, 2022 13:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар ташкили дафтари тиҷоратии Эрон дар Қатар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суръат бахшидан дар таъсиси дафтари тиҷоратии Эрон дар Қатар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе, 4 исфанди соли 1400 дар бозгашт аз сафари дурӯза ба Қатар дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи дастовардҳои ин сафар гуфт: Ин сафар дар ростои сиёсати ҳамсоягӣ бо ду ҳадафи умда, афзоиши эътимоди мутақобил ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва саҳми Эрон дар иқтисод ва тиҷорати минатақа анҷом шуд.

  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такид бар ин ки таъсиси дафтари тиҷоратии Эрон дар Қатар бояд бо суръат эҷод шавад, афзуд: Рафъи мавонеъи гумрукӣ ва муҷаввизҳои касбу кори матраҳ ва қарор шуд иқдомоте нисбат ба рафъи мавонеъи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар зудтар анҷом гирад.
  • Раисӣ гуфт: Фаъолони иқтисодӣ хоҳиши зиёде барои кори иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар Эрон доранд.

Вай бо ишора ба дидорҳои худ дар ҳошияи маҷмаъи сарони кишварҳои содиркунандаи газ низ гуфт: Масоили дуҷонибаи ҳамкориҳое, ки метавонад дар сатҳи минтақа ва байналмиллалӣ сурат бигирад, мавриди баҳс қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дидорҳои худ бо масъулонӣ олирутбаии Қатар афзуд: Дар ин дидорҳо масоили дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетика, фарҳангӣ ва ба вижа, сармоягузорӣ маврид баррасӣ ва баҳс қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: 14 тавофуқномаи ҳамкори бо Қатар ба имзо расид, ки бояд иҷроӣ шавад ва амири  Қатар  масъулони олии ин кишварро вазифадор карданд, ки сареъан корҳои иҷроии ин мувофиқатномаҳо ва тафоҳумномаҳо пайгирӣ шавад.

 

Барчасп