Ноябр 20, 2016 17:28 Asia/Dushanbe
  • Шӯри ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ

Ном Ҳусайн (а) дар чиҳилумин рӯз аз шаҳодати эшон, дар саросари Эрони исломӣ танинандоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар сӯги арбаини сайид ва солори шаҳидон - ҳазрати Абоабдуллоҳилҳусайн (а), шефтагони он ҳазрат аз ҷой-ҷойи меҳани исломӣ бо барпоии ойин азодории ҳусайнӣ ва таҷаммуъ дар масҷидҳо ва ҳусайнияҳо, ҳамосаи азими ҳусайниро ба намоиш гузоштанд.

 Бори дигар номи Ҳусайн (а), ёвари мазлумони дунё баъд аз чиҳил рӯз аз шаҳодати эшон ва ёронашон дар дашти Карбало ба дасти ғосибони дини Ислом дар Эрони исломӣ танинандоз шуд.

Мардуми сиёҳпӯши ҳусайнӣ дар нуқоти мухталифи Эрон бо барафроштани парчами мотам ва роҳандозии корвонҳои азодорӣ, дар арбаини сайид ва солори шаҳидон сӯгворӣ карданд.

 Ҳамчунин азодорони ҳусайнӣ дар арбаини дигар, бо ҳузур дар маконҳои мутабаррика. бо навҳахонӣ ва синазанӣ ва пухти ғизои назрӣ ҳоҷати худро аз он имоми шаҳид талаб карданд.

Имрӯз, 20-уми сафари соли 1438 –и ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 20-уми ноябри 2016 , чиҳилумин рӯзи шаҳид шудани солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусайн (а) аст.

 

Барчасп