Ба баҳонаи мубориза бо терроризм наметавон ҳокимияти Сурияро тазъиф кард
(last modified Sat, 26 Feb 2022 10:01:31 GMT )
Феврал 26, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Ба баҳонаи мубориза бо терроризм наметавон ҳокимияти Сурияро тазъиф кард

Намояндаи доими Эрон дар СММ таъкид кард, наметавон аз мубориза бо терроризм ба унвони баҳонае барои тазъифи ҳокимияту тамомияти арзии Сурия истифода кард.

Маҷиди Тахтравончӣ дар нишасти Шӯрои амният дар мавриди вазъияти таҳаввулоти сиёсӣ ва башардӯстона дар Сурия, бо ишора ба нақзи мукаррари ҳокимияту тамомияти арзии Сурия тавассути режими саҳюнистӣ гуфт, ҳамалоти ахири режими Исроил дар Сурия, ки ғайринизомиёну зерсохтҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор дод, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва башардӯстона аст.

Вай гуфт, мо аз Шӯрои амният мехоҳем, ки ин режимро дар қиболи ин гӯна иқдомоти таҷовузкорона ва фаъолиятҳои шарӯрона ва ҳамчунин таҳдидоти ошкораш барои истифода аз зӯр алайҳи соири кишварҳои минтақа, ки сулҳу амнияти минтақаро ба хатар меандозад, посухгӯ кунад.

Намояндаи доими Эрон дар СММ гуфт, ҳеҷ чиз муҳимтар ё фавритар аз поён додан ба иқдомоти қаҳрии якҷониба нест, ки ба мардуми Сурия осеб расондааст то ҷое, ки онҳо аз ҳуқуқи аввалияи инсонии худ аз ҷумла ҳақи дору, муроқибатҳои беҳдоштӣ, ғизо, об, барқ ва иртиботот маҳрӯм шудаанд.

Тахтравончӣ дар ин нишаст ҳамчунин ба аҳамияти формати Остона дар кумак ба ҳалли буҳрони Сурия ишора ва гуфт, ин созу кор ба талошҳои худ барои поён додан ба буҳрону коҳиши ранҷи мардуми Сурия идома хоҳад дод ва дар ҳимоят аз ин талошҳо, вазирони хориҷаи кишварҳои зомини Остона дар 10 март дар Туркия дидор хоҳанд кард.

Вай бо ишора ба инки ҳокимияту тамомияти арзии Сурия ҳамчунон бо ҳузури ғайриқонунии нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои Иёлоти муттаҳида ба таври қобили таваҷҷӯҳе нақз мешавад, идома дод, сирқати манобеи табиии мардуми Сурия дар манотиқи таҳти кантроли нерӯҳои хориҷӣ, бавижа нафту маҳсӯлоти кишоварзиро маҳкӯм мекунем ва ҳаққи машрӯъи давлати Сурия барои мубориза бо ин гунаи аъмоли ҷинояткоронаро ба расмият мешиносем.