Феврал 27, 2022 11:43 Asia/Dushanbe
  • Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ ҳофизони сулҳу амният дар дарёҳо(баҳрҳо) ҳастанд

Фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ Эрон гуфт : Неруи дарёӣ- ҳофизони сулҳу амният дар дарёҳо ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дарёдор Шаҳроми Эронӣ дар дидори устодону донишҷӯёни донишгоҳи ҷанги дарёии Лоҳур дар Теҳрон афзуд : Неруҳои фароминтақаӣ на танҳо амнияти матлуби кишварҳои минтақаро таъмин накарда ва нахоҳанд кард, балки бо ноамн ҷилва додани минтақа ва нотавон нишон додани кишварҳои минтақа ба дунболи манофеи номашрӯъашон ҳастанд .

Дарёдор Эронӣ бо таъкид бар ҳамкориҳои низомӣ миёни Эрону Покистон афзуд : Ҳеҷ кишваре ба танҳоӣ қодир ба таъмини амният он ҳам дар густараи васеъи дарёҳо нест ва ниёз аст, ки кишварҳои минтақа аз иштирокоти гӯногӯни худ ҳаддиаксари баҳраро бурда ва бо ҳамафзоии ҳар чӣ бештар сарнавишти худашонро дар даст бигиранд .
Фармондеҳи неруии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин тасреҳ кард : Дарё дар ҳамаи абъоди зиндагии мардуми кишварҳои соҳилӣ асаргузор буда ва 90 дарсади тиҷорати ҷаҳонӣ аз тариқи дарё аст .

 

Барчасп