Таъкиди Хатибзода бар баста шудани парвандаи иддаои сиёсии зидди Эрон
(last modified Sun, 27 Feb 2022 16:58:26 GMT )
Феврал 27, 2022 21:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Хатибзода бар баста шудани парвандаи иддаоҳои сиёсии зидди Эрон
    Таъкиди Хатибзода бар баста шудани парвандаи иддаоҳои сиёсии зидди Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон баста шудани парвандаи иддаои сиёсии Ожонси байналмиллалии Энержии атомӣ зидди Ҷумҳруии Исломии Эронро зарурӣ донисту гуфт: Теҳрон ҳеҷ зарбулаҷалеро қабул намекунад.

Саъиди Хатизбоза, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон афзуд: Ба пурсишҳо ва иддаоҳои сиёсие, ки Ожонси байналмиллалии Энержии атомӣ дар хусуси абъоди эҳтимолии низомӣ барномаи ҳастаии Эрон матраҳ карда буд, посух дода шуд ва ин парванда бояд баста шавад.

Хатибзода афзуд: Парвандаи фаъолиятҳои низомии Эрон ба таъбире набояд моҷарое барои фишорҳои сиёсии Ожонс зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон боз нигаҳ дошта ва касе ин иштибоҳро муртакиб шавад, ки аз он битавонад фишоре бар Эрон ворид кунад.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин дар бораи зарурияти дарёфти тазминҳои лозим аз амрикоиҳо дар музокироти Вена таъкид кард: Ҳайатҳои музокиракунанда дар нуқтае қарор доранд, ки ба ҷои музокироти бештар, ба тасмимоти сиёсӣ дар пойтахтҳои аврупоӣ ба вижа, Вашингтон ниёз аст.

Хатибзода афзуд: Агар тарафҳои муқобил ба хутути қирмизи маъқул ва машрӯъи Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром бигузоранд ва тасмимоти сиёсӣ ахз кунанд, мутмаин бошанд, ки дар кутоҳтарин замон, ҷамъбандии тавофуқ мумкин аст.

Даври ҳаштуми музокироти Вена ба манзури рафъи таҳримҳои Амрико зидди Эрон аз 8 феврал баъд аз танаффуси 11 рӯза барои машварат, ҳайатҳо ба пойтахтҳояшон бо ҳузури ҳайатҳои Эрон ва гуруҳи 4+1  (Олмон, Фаронса, Англия, Русия ва Чин) дар пойтахти Австрия аз сар гирифта шуд ва аз он замон то кунун дар сатҳҳо ва форматҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Бештар бихонед: