Иди мабъаси Паёмбари гиромӣ (с) муборак бод!
Имрӯз сешанбе-27 раҷаби соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо якуми марти 2022 , мабъаси Паёмбари гиромии ислом (с) аст.
Иди мабъас, рӯзе аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар сини 40 солагӣ, дар ғори Ҳиро, тавассути Ҷабрил(а) ва аз сӯи Худованди Мутаол ба паёмбарӣ баргузида шуданд.
Он ҳазрат ба унвони охирин сафир аз паёмбарони бузурги илоҳӣ дар 27 моҳи раҷаб аз соли чиҳилуми омулфил ба паёмбарӣ баргузида шуданд то ҷомеъаи ҷоҳилиро, ки ғарқ дар ҷаҳолат ва бе ахлоқӣ буд, ба самти ахлоқмадорӣ, каромати инсонӣ ва иззати нафас даъват кунанд.
Биъсати Паёмбари Акрам (с)-ро бояд сароғози ташкили бузургтарин тамаддуни исломӣ ва ахлоқии ҷаҳон донист, ки инсонҳоро аз олӯдагиҳои фикрӣ ва ақидатӣ дар тӯли таърих наҷот дод.
Паёмбари бузурги ислом(с) бо муъҷизаи Қуръони Карим ба унвони беҳтарину комилтарин китоби осмонӣ мабъус шудааст, мабъасе, ки инфиҷори нур ва зуҳӯри арзишҳои инсонӣ дар саҳнаи ҳаёти башарӣ буд.
Эшон бо нузули китоби осмонии Қуръон, мафоҳими ҷадиде аз қабили такрими занону духтарон, мубориза бо зулму бутпарастӣ, кумак ба ҳамнавъ, тавҳиду ягонапарастӣ ва ахлоқи некро дар ҷомеъаи инсонӣ, поярезӣ карданду роҳи расидани инсонҳо ба саодати дунявӣ ва ухравиро табйин карданд.
Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани бузургтарин иди мусулмонони ҷаҳон, солрӯзи биъсати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.