Ҳарами Разавӣ дар Иди Мабъас ғарқи нуру сурур аст
Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар тулӯъи биъсати Расули гиромии ислом Паёмбари Аъзам (с), ғарқ дар нуру ва шодмонист.
Имрӯз сешанбе-27 раҷаби соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо якуми марти 2022 , мабъаси Паёмбари гиромии ислом (с) аст.
Иди мабъас, рӯзе аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар сини 40 солагӣ, дар ғори Ҳиро, тавассути Ҷабрил(а) ва аз сӯи Худованди Мутаол ба паёмбарӣ баргузида шуданд.
Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас, шимоли шарқи Эрон, ҳамзамон бо дигари нуқоти Эрону ҷаҳони ислом ғарқ дар нуру ҷилва шудааст.
Зоирону муҷовирони Разавӣ гирди ин боргоҳи мунавваи ҷамъ шудаанд то дар ҳарим Иди Мабъас, ин бузургтарин муносибати исломӣу ва сарчашмаи файзи бепоёни тавҳидро ҷашн бигиранд.
Зоирон бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ бо ҳузур дар ҳарами Разавӣ зимни зиёрати ҳарами мутаҳҳар, Иди Мабъаси Расули Акрам (а)-ро ба сулолаи поки он ҳазрат, имом Ризо (а) табрик мегӯянд.
Катибаҳои сабзрангу порчаҳои бузурги рангоранг ба ҳамин муносибати фархунда дар ҳамаи нуқоти ҳарами мутаҳҳари Разавӣ насб шудаанд.
Саҳнҳо, обнамоҳо, вурудиҳо ва низ таваққуфгоҳҳои ҳарами мутаҳҳар бо истифода аз гулҳои шохабуруда дар сабадҳои зебо ороста шудаанд.
Ҳамчунин дишаб вижабарномаи "Шаби Мабъас" пас аз намози мағриб дар равоқи имоми Хумайнӣ (раҳ.), ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, мадеҳасароӣ ва суханронӣ баргузор шуд.