Март 01, 2022 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 226 бемори коронаии дигар дар Эрон
    Ҷон бохтани 226 бемори коронаии дигар дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 сати гузашта 226 бемори Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 137 ҳазору 64 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷии Садои Хуросон, аз рӯзи душанбе то имрӯз ар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 9 ҳазору 312 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 701 нафари аз онҳо бистари шуданд.

Маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллиону 60 ҳазору 741 нафар расид.

То кунун 6 миллиону 665 ҳазору 702 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.

4 ҳазору 27 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти дармон қарор доранд, то кунун 47 миллиону 335 ҳазору 696 озмоиши ташхиси Ковид-19 дар Эрон анҷом шуда аст.

Ҳамагирии вируси корона то кунун ҷони ҳудуди шаш миллион нафарро дар саҳти ҷаҳон гирифта аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп