Таъйини гузоришгари вижа барои Эрон бар асоси ангезаҳои сиёсӣ аст
(last modified Wed, 02 Mar 2022 08:06:05 GMT )
Март 02, 2022 13:06 Asia/Dushanbe
  • Таъйини гузоришгари вижа барои Эрон бар асоси ангезаҳои сиёсӣ аст

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон таъйини гузоришгари вижа барои Ҷумҳурии исломии Эронро бар асоси мақосиди сиёсии теъдоди андаке аз кишварҳо ба унвони абзори фишори сиёсӣ унвон кард.

Козими Ғарибободӣ дар ҳошияи нишасти 49 Шурои ҳуқуқи башар дар Женева дар дидори Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, гузоришгари таъйиншуда барои Эрон бо гузоришоти ғайривоқеии худ, амалан табдил ба абзоре сиёсӣ шудаву фаротар аз ҳамаи қавоиди ҳоким бар кори гузоришгарони ҳуқуқи башар, вориди ҳитаҳое шудааст, ки асосан бо вазоифи вай муғойират дорад.

Ғарибободӣ афзуд, гузоришгари вижа табдил ба канали интишори иттилооти ғалати гуруҳҳои террористӣ шуда, ки дасти онҳо ба хуни миллати Эрон олуда аст. Ин гуруҳи террористӣ акнун дар пойтахтҳои ҳамонҳое, ки бонии қатъномаи таъйини гузоришгар ҳастанд, озодона дар рафту омад ҳастанд ва алайҳи миллати Эрон фаъолият мекунанд.

Козимии Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали Қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон барои ҳузур дар нишасти олирутбаи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба Женева сафар кардааст.