Дидори вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ бо Сайид Ҳасани Насуллоҳ
(last modified Wed, 02 Mar 2022 17:15:36 GMT )
Март 02, 2022 22:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ бо Сайид Ҳасани Насуллоҳ

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубонон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ бо ишора ба дидори худ бо Сайид Ҳасани Насуруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Дидору гуфтугӯ бо "Сайиди Муқовимат" ширинтарин бахши сафар ба Лубнон буд.

Исмоилӣ бо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор ва дар хусуси чашмандозҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ду кишвар табодули назар кард.

Дар ин дидор Муҳаммадҷалоли Фирузниё, сафири Эрон дар Бейрут низ ҳузур дошт.

Исмоилӣ ҳамчунин дар Твеиттери худ иборати "سنصلی فی القدس"  "ба зудӣ дар Қудс намоз хоҳем хонд"-ро ҳаштаг кард.

Муҳаммадамаҳдии Исмоилӣ, рӯзи шанбе барои ширкат дар баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Лубнон ба ин кишвар сафар кард.

Баргузории коргоҳҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва давраҳои донишафзоӣ ва тавонмандисозии занон ва шуғлҳои хонагӣ ва ҳунарӣ аз дигар барномаҳои ин сафар аст.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар нахустин рӯзи сафар ба Лубнон бо ҳузур дар равзаи шаҳидайни Бейрут, ки маҳалли дафни шаҳидон Имод ва Ҷиҳоди Муғния, Имодуддин Насруллоҳ фарзанди Сайид Ҳасани Насруллоҳ (дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон) ва дигар аз шуҳадои муқовимат аст, зимни қироат ва фотиҳа нисори шохаи гул ва адои эҳтиром ба ин шаҳидон, бо теъдоде аз модарони ин шаҳидон дидор  ва гуфтугӯи самимона дошт.