Дидори вазири нефти Эрон бо вазири энергетикаи Тоҷикистон
Март 02, 2022 22:34 Asia/Dushanbe
Вазири нефти Эрон бо вазири энергетикаи Тоҷикистон мулоқот кард.
Ҷаводи Авҷӣ, вазири нефти Эрон бо Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи ва манобеъи оби Тоҷикистон дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор Далер Ҷумъа зимни ибрози хурсандӣ аз сатҳи таъомулоти ин кишвар бо Эрон дархост кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш пайдо кунад.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон идома дод: Мо дар Тоҷикистон барои таъмини нерӯгоҳҳои худ эҳтиёҷ ба сӯхт дорем ва хушҳол мешавем ин сухтро аз Эрон таъмин кунем.
Вай ҳамчунин афзуд: Дар баҳси истихроҷи нефт ҳам тамоюл дорем бо Эрон ҳамкорӣ кунем.