Ноябр 21, 2016 11:44 Asia/Dushanbe
  • Муовини аввали Рӯҳонӣ: Роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ намоди сулҳу озодагӣ аст

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон, роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ (а)-ро намоди сулҳу озодагӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи намозгузорон дар қатори ҳазрати Алӣ ибни Мусалризо (а) дар масири Наҷаф ба Карбало, аз давлати Ироқ ба сабаби пазироии шоиста аз зоирони имом Ҳусайн (а) қадрдонӣ кард ва афзуд: Бо шиносоии нуқоти заъфи маросими роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ ва рафъи он, ин маросим бояд ба як ҳаракати мондагор табдил шавад.

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Хуни солори шаҳидон аз садри ислом то имрӯз меҷушад ва роҳи растагорӣ пеши пои ҳамагон мегузорад.

Ҷаҳонгирӣ афзуд: Маросими Арбаини Ҳусайнӣ табдил ба падедае истисноӣ шудааст, ки миллионҳо инсони ошиқ бо шиори адолатхоҳӣ ва сулҳталабӣ масирҳои мунтаҳӣ ба ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн (а)-ро тай мекунанд.

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба тамоси телефонияш бо нахуствазири Ироқ ва гуфтугӯ бо ӯ дар бораи амалиёти озодсозии Мусил гуфт: Яку ним миллион нафар сокини Мусил ҳастанд, ки дар як сангар талош мекунанд, террористҳоро аз ин шаҳр хориҷ кунанд.

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон барои ширкат дар роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ субҳи рӯзи якшанбе вориди Наҷафи Ашраф дар Ироқ шуд.

Имрӯз душанбеи 21-и ноябр дар Ироқ, бистуми сафар ва рӯзи Арбаини Ҳусайнӣ аст.

 

Барчасп