Март 04, 2022 16:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири энергетикаи Тоҷикистон бо вазири омӯзиш ва парвариши Эрон

Дар ростои ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, вазири омӯзиш ва парвариши Эрон бо раиси Комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонӣ ва равобити умумии Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон, чаҳоршанбе нишасти муштараки Юсуфи Нурӣ, вазири омӯзиш ва парвариши Эрон бо Далер Ҷумъа, раиси Комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҷаласоти сохтмони шаҳид Раҷоӣ баргузор шуд.

Тарафайн ба гуфтугӯ ва табодули назар дар хусуси масоили фарҳангӣ, омӯзишӣ ва мактабҳои муштарак пардохтанд.

Юсуфи Нурӣ дар ин нишаст бо ишора ба ҳамкорҳои муштарак байни ду кишвар изҳор дошт: Сиюмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик мегӯям ва умедворам равобити ду кишварро беш аз пеш таҳким бубахшем.

Ӯ гуфт: Интизор меравад баргузории чунин нишастҳои муштараке пояҳои равобити ду кишварро дар арсаҳои илмӣ ва фарҳангӣ тақвият ва таомулоти дуҷонибаро тавсеа диҳад.

Вазири омӯзиш ва парвариш бо ироаи гузорише аз вазъияти мавҷуди омӯзишу парвариши Эрон, хотирнишон кард: Дар соли таҳсилии ҷорӣ беш аз 15 миллион донишомӯз ва ҳудуди 840 ҳазор ҳамкори фарҳангӣ дорем, ки беш аз 53 дарсад аз онҳо занон ҳастанд.

Дидори Далер Ҷумъа бо Юсуфи нурӣ

 

Узви кабинаи давлати мардумӣ изҳор дошт: Мактаби Рӯдакиро бо эътиборе беш аз 4 миллион доллар дар маҳаллаи Абуалӣ Сино дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардем ва албатта, монеаҳое дар масири судури муҷаввизи фаъолияти ин мактаб вуҷуд дорад, ки интизор меравад ин мушкил бартараф шавад то ҳар чӣ зудтар мактаб ба баҳрабардорӣ бирасад.

Вай роҳандозии мактаби Рӯдакӣ дар Тоҷикистонро гоме муассир дар табодули фарҳанги ду кишвар донист ва хотирнишон кард: Интизор дорем бо табодули фарҳангҳо дар қолаби эҷоди мактабҳо, барпоии намоишгоҳ ва . . . битавонем гоми муҳкаме дар таҳкими равобити ду кишвар бардорем.

Нишасти вазирон дар Теҳрон

 

Нурӣ идома дод: Дар Созмони Кишварҳои Исломӣ ва дар бахши ISESCO Ҷумҳурии исломии Эрон меҳвари кишварҳои ғайриараб аст. Аз ин рӯ ин низ фурсате барои табодули беҳтари фарҳанги ду кишвари ҳамзабон ва ҳамойин аст, зеро ҳамхонии фаровоне байни мардуми ду кишвар вуҷуд дорад.

Вазири омӯзиш ва парвариш дар поён гуфт: Пешниҳод мекунам, дар Созмони конфронси исломӣ, бахши ISESCO матолиби ироашуда ба форсӣ ҳам тарҷума шавад, зеро ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон аз ин мавзуъ истиқбол мекунанд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин нишаст бо ишора ба ҳамзабониву ҳамойинии ду кишвар изҳор дошт: Аз меҳмоннавозӣ ва ҳамкориҳои хуби эрониён муташаккирам ва аз ин ки имрӯз дар Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон ҳастем, бисёр хурсандам.

Мулоқоти вазирон

Далер Ҷумъа афзуд: Барномаҳои омӯзишии Эрон бисёр ҷолиб ва барои ҷаҳон энержибахш аст, бинобар ин мо ба таҷрибаҳои фарҳангии Эрон такя хоҳем кард.

Ӯ дар идома гуфт: Ман ба унвони раиси Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар, аз ҳамкориҳои хуби Ҷумҳурии исломии Эрон хурсандам.

Далер Ҷумъа бо ишора ба сафари оятуллоҳ Раисӣ ба Тоҷикистон дар замони баргузории бистуякумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт: Арсаҳои мухталифи фарҳангии бисёре байни ду кишвар вуҷуд дорад ва қаробати хубе байни мардуми ду кишвар барқарор аст.

Ӯ дар идома гуфт: Аз роҳандозии мактаби Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ташаккур мекунем ва барои рафъи монеаҳо талош хоҳем кард. Умедворам ҳамкориҳои бештаре байни Вазорати омӯзишу парвариши Эрон ва Вазорати маорифу илми Тоҷикистон сурат гирад ва мавзуи мактабҳо низ дар ду вазоратхонаи мазкур баррасӣ шавад.

Image Caption
Image Caption

 

Image Caption

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп