Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ: Чеҳраи мустакбирон бо ҷинояти намози ҷумъаи Покистон ошкор шуд
(last modified Sat, 05 Mar 2022 05:14:21 GMT )
Март 05, 2022 10:14 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ: Чеҳраи мустакбирон бо ҷинояти намози ҷумъаи Покистон ошкор шуд

Оятуллоҳ Ҳусайни Нурии Ҳамадонӣ, марҷаи тақлид дар вокуниш ба ҳодисаи намози ҷумъаи Пешовари Покистон гуфт: Ин ҷинояти ҳавлнок чеҳраи мустакбирону дастпарвардаҳои истикборро намоён кард.

Дар ҳамлаи террористӣ ба сафҳои намози ҷумъа дар масҷиди шиаён дар минтақаи кӯчаи Рисолдори шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхо, шимоли ғарби Покистон, дастикам 56 намозгузор ҷони худро аз даст доданд.

190 нафар дар ин ҳамлаи террористӣ захмӣ шуданд, ки вазъияти теъдоде аз онон вахим гузориш шудааст.

Бархе манобеи огоҳ дар Покистон аз гурӯҳи террористии ДИИШ ба унвони омили ин ҳамлаи маргбор хабар медиҳанд.

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ афзуд, хабари таассуфбори инфиҷор дар намози ҷумъаи Пешовари Покистон қулӯби умматҳои озодаи ҷаҳонро ба дард овард ва ин ҷинояти ҳавлнок, бори дигар чеҳраи мустакбирону дастпарвардаҳои истикборро намоён кард.

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо Покистон тасреҳ кард: Бо ваҳдат ва ҳамбастагӣ битавон нақшаҳои душман дар тафриқа байни мусулмонро хунсо кард.

Ин марҷаи тақлид ҳамчунин таъкид кард, хунҳои ба ноҳақ рехта шуда ба зуддӣ, тумори зулм ва ситами золимонро дарҳам хоҳад печид.