Март 05, 2022 12:40 Asia/Dushanbe
  • Рафаэл Гросси вориди Теҳрон шуд

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба манзури гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ дар бораи идомаи ҳамкориҳои фаннӣ байни Эрон ва ин ниҳод вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши Форс, Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар раъси ҳайате ва бар асоси тавофуқи ба амал омада ба манзури гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси идомаи ҳамкориҳои фаннӣ байни Эрон ва ин созмон вориди Теҳрон шуду мавриди истиқболи Беҳрӯзи Камолвандӣ, муовин ва сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон қарор гирифт.

Вай қарор аст, пеш аз зуҳри имрӯз (шанбе) бо ҳузур дар маҳали Созмони энержии атомӣ бо Муҳаммади Исломӣ, муовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони энержии атомии Эрон дидору гуфтугӯ кунад.

Вай ҳамчунин қарор аст бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон мулоқот кунад.

Сафар дар шароите анҷом мешавад, ки даври ҳаштуми музокирот дар Вена байни Эрону гурӯи 1+4 барои рафъи таҳримҳои Амрико дар ҷараён аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп