Эрон ба андозаи кофӣ силоҳҳои муассир бо дониши бумӣ дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i82236-Эрон_ба_андозаи_кофӣ_силоҳҳои_муассир_бо_дониши_бумӣ_дорад
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки такягоҳи мо силоҳ нест, балки азму ирода ва имон аст, гуфт: Бо ин вуҷуд ба андозаи кофӣ силоҳҳои муассир бо дониши бумӣ дорем.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 05, 2022 18:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба андозаи кофӣ силоҳҳои муассир бо дониши бумӣ дорад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки такягоҳи мо силоҳ нест, балки азму ирода ва имон аст, гуфт: Бо ин вуҷуд ба андозаи кофӣ силоҳҳои муассир бо дониши бумӣ дорем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори сарлашкар Ҳусейни Саломӣ дар оини рунамоӣ аз ду пойгоҳи ҷадиди мушакӣ ва паҳподии Сипоҳ, аз иқдомҳои таҳаввулӣ ва ҳушмандона бо нигоҳ ба ояндаи фанноварӣ тавасути нерӯи ҳавофазои Сипоҳ дар пешбурди роҳбурди боздорандагии дифоъии Эрони Исломӣ қадрдонӣ кард.

  • Сарлашкар Саломӣ таҷалии зуҳури қудрати воқеъиро дар мушак, паҳпод, падофанд, ҳавопаймо ва шиновар тавсиф кард ва изҳор кард: Аммо решаи ин қудрат ва сиришт ва хилқати он дар боварҳо, эътиқодот ва қалбу зеҳни инсонҳо аст.
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки қудрате, ки тавассути тоғут ба касе дода шавад намеҷангад, таъкид кард: Артише, ки тавасути Амрико дар Афғонистон таҷҳиз шуд, ҳатто барои 10 дақиқа ҳам наҷангид.