Март 07, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)

Душанбе, чаҳоруми шаъбони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 7 марти 2022, солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст.

Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ ҳазрати Аббос (а), мулаққаб ба “Абулфазл”-  Қамар бани Ҳошим, Аламдори Карбало ва Сақо аз фарзандони ҳазрати Имом Алӣ (а), дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон кушод.

Модари гиромии он ҳазрат Уммулбанин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (а) - ро ёфт.

Ҳазрати Абулфазл (а) ҳамосасози қиёми Ошӯро аст, ки бо исор, ҷонбозӣ ва шаҳодат тавонист ишқу иродат ба имоми замони худро ба ҷойгоҳи зуҳур бирасонад ва ин гуна улгӯи шоиста аз вафодорӣ барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.

Солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи Ҷонбоз номгузорӣ шудааст.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а), парчамдори ишқу исорро ба ҳамаи мусулмонону дигари озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.