Сафири Эрон дар Лубнон: Амрико монеи ҳамкории кишварҳои минтақа бо Лубнон мешавад
(last modified Mon, 07 Mar 2022 10:41:24 GMT )
Март 07, 2022 15:41 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Лубнон: Амрико монеи ҳамкории кишварҳои минтақа бо Лубнон мешавад

Сафири Эрон дар Лубнон гуфт, Амрико на танҳо монеи ҳамкорӣ миёни Эрон ва Лубнон мешавад, балки аз ҳамкории кишварҳои арабӣ бо Лубнон низ ҷилавгирӣ мекунад.

Муҳаммадҷалоли Фирӯзниё бо ишора ба таҳримҳои Амрико бар кишварҳои минтақа афзуд, Эрон аз мардуми Лубнон дар бисёре аз заминаҳо ҳимоят мекунад. Дар хусуси муқовимат ҳам ҳимоятҳои Эрон идома дорад ва қатъан ин ҳимоятҳо дар оянда афзоиш меёбад.

Ин дипломати Эрон гуфт, мавзеи Амрико таҳти ҳар шароите ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар минтақа аст. Акнун дар робита бо воридоти газ аз Миср ба Лубнон аз тариқи Сурия таҳримҳое вуҷуд дорад, ки ниёз ба муҷаввиз ва иҷозаи Амрико барои рафъи онҳост.

Фирӯзниё гуфт, таҳримҳое монанди қонуни Сезар зидди Сурия вуҷуд дорад, ки мушкилоти мардуми Лубнон ва иқтисоди ин кишварро низ афзоиш додааст.

Сафири Эрон дар Лубнон дар ин ҳол бо баёни ин ки нисбат ба ояндаи ин кишвар хушбин аст, афзуд: Мардуми Лубнон мардуме решадор ҳастанд, ки бо иттиҳоди миллӣ, ҳамбастагии мардумӣ ва инсиҷоми ҳамаи гуруҳҳои мардумиву сиёсӣ ва ҳимояти кишварҳои дӯстони минтақа, имкони беҳбуди шароит ва бурунрафт аз буҳронҳои кунунӣ вуҷуд дорад.