Март 08, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои кумак ба таваққуфи ҷанг дар Украина

Вазири умури хориҷа дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои турк зимни эъломи ҳимоят аз роҳи ҳалли сиёсӣ дар Украина ва ибтикори сиёсӣ барои таваққуфи ҷанг, гуфт: Омодаи ҳар гуна кумаке барои пешбурди ин раванд ҳастем.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ бо  Мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, бархе мавзӯоти мавриди алоқаи минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла буҳрони Украина, баҳсу табодул назар кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ зимни орзӯи баргузории муваффақиятомизи нишасти Маҷмаи дипломатии Анталия ва нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Туркия, Русия ва Украина изҳор дошт, ки ҳайате аз вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар Маҷмаи дипломатии Анталия ширкат мекунад.

Вай дар идома гуфт, равобити ду ҷониба дар масири пешрафту тавсеа қарор дораду ҳафтаи оянда ҳайатҳое аз ду кишвар дар ростои пайгирии тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит ба Теҳрон ва Анкара сафар хоҳанд кард.

Човуш Уғлу низ дар ин гуфтугӯ бо таъкид бар гомҳои муассиру малмус дар пешбурди равобити ду ҷониба дар сояи ҳимояти раисони ҷумҳури ду кишвар, равобити ду кишварро мумтоз ва дустона хонд.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз печидатар шудани буҳрони Украина ва эҳтимоли вуқуъи фоҷеъаи инсонӣ ва афзоиши мавҷи муҳоҷирину паноҳандагон, ҳадаф аз нишасти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Русия, Туркия ва Украинаро барқарории оташбас дар минтақа ва сулҳи пойдор донист ва талош барои беҳбудии авзоъ дар ин минтақаро бисёр ҳоизи аҳаммият хонд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп