Кашфи беш аз якуним тонна маводи мухаддир дар ҷануби шарқи Эрон
Фармондеҳи нерӯи интизомии устони Систон ва Балучистон (ҷануби шарқӣ Эрон) аз дастгирии чаҳор савдогари марг ва кашфи якуним тоннаву 528 килограмм маводи афюн дар даргирии мусаллаҳонаи таковарони полиси мубориза бо маводи мухаддири ин устон бо қочоқчиёни мусаллаҳ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Аҳмади Тоҳирӣ, фармондеҳи интизомии Систон ва Балучистон гуфт: Маъмурони полиси мубориза бо маводи мухаддири устони Систон ва Балучистон бо ишрофи иттилоъотӣ ва анҷоми иқдомоти тахассусӣ, аъзои як гуруҳи мусаллаҳи қочоқи маводи мухаддири афюн, ки қасди қочоқ ва интиқоли маҳмулаи бузурги маводи мухаддир аз шаҳри Зоҳидон ба манотиқи марказии кишварро доштанд, шиносоӣ ва барои нобуд сохтани ин гурӯҳ вориди амал шуданд.
Сардор Тоҳирӣ афзуд: Дар ҳамин робита маъмурони полиси мубориза бо маводи мухаддир пас аз чанд шабонарӯз назорати пинҳонии ҳаракатҳои аъзои ин гуруҳ, саранҷом шаби гузашта қочоқчиёнро, ки дар минтақаи умумии ғарби Зоҳидон дар ҳоли интиқоли маҳмулаи маводи мухаддир буданд, дастгир карданд.
Фармондеҳи интизомии Систон ва Балучистон таъкид кард: Дар бозрасӣ аз мошинҳои боздоштӣ беш аз як тоннаву 528 килограм маводи афюн ба ҳамроҳи 10 баста силоҳ ва миқдоре камони ҷангӣ кашф шуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди шароити таҳримӣ бо кашф ва мусодираи беш аз як ҳазор тонна маводи мухаддир дар соли гузашта, бештарин мизони кашфиёти маводи мухаддир дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дода аст.