Март 08, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Рушди 40 дарсадии ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон
    Рушди 40 дарсадии ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон

Сухангӯи давлати Эрон гуфт: Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон бо рушди 40 дарсадӣ, ба беш аз 90 миллард доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи тиҷорати хориҷии Эрон гуфт: Аз ибтидо равияи давлати сездаҳуми Эрон ин буд, ки масоили мардум ба музокирот гиреҳ нахӯрда ва ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон бо 40 дарсад рушд ба беш аз 90 миллиард доллар расид.

Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ хотирнишон кард: Равияи давлат дар ҳалли мушкилоти мардум, ҳамкорӣ ва ҷалби мушорикати гурӯҳҳои мардумӣ ва дар канори мардум қарор гирифтан аст.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп