Март 09, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими миллии футболи духтарони Эрон ба Тоҷикистон

Тими миллии футболи духтарони Эрон вориди Тоҷикистон шуд.

Тими миллии футболи духтарони зери 18 соли Эрон ба манзури ширкат дар мусобиқоти футболи КАФА вориди шаҳри Душанбе шуд.

Тими миллии футболи духтарони зери 18 сол қарор аст дар мусобиқоти футболи зери 18 соли духтарони минтақаи Осиёи Марказӣ (КАФА), ки аз 20 –уми исфанд оғоз мешавад, ба масофи ҳарифоне аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон биравад.

Саҳар Бебок ба унвони довар ва Ҳадиси Маҳдавӣ ба ҳамроҳи Заҳро Рамрӯдӣ ба унвони кумакдовар дар ин мусобиқот қазоват мекунанд.

Федератсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иттиҳодияе аз федератсиюнҳои футболи 6 кишвар (Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон) дар минтақаи Осиё Марказӣ аст, ки дар соли 2014 ташкил шудааст.

 

Барчасп