Март 09, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо мушовири амнияти миллии Узбакистон
    Дидори дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо мушовири амнияти миллии Узбакистон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва мушовири амнияти миллии Узбакистон бар густариши муносиботи ҳамаҷониба ва шеваи мушорикати ду кишвар дар мавзуъоти дуҷониба ва минтақа дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Алии Шамхонӣ дабири Шӯрои олии амнияти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Виктор Маҳмудов, мушовири амнияти миллии раиси Ҷумҳурии Узбакистон бо ёдоварии мавқеъияти геополотикии бисёр муҳими ин кишвар дар Осиёи Марказӣ ва ҷойгоҳи вижаи Узбакистон дар амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ гуфт: Мавзуъоте чун пешгирӣ аз густариши терроризм ва ифротигароӣ дар минтақа аз ҷумлаи нигарониҳои муштараки амниятии ду кишвар аст, Шамхонӣ афзуд: Марзҳои муштараки Эрон ва Узбакистон бо Афғонистон эҷоб мекунад, ки ҳамкориҳои муштарак барои рафъи мушкилот ва барқарории сулҳ ва субот дар ин кишвар афзоиш ёбад. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин бо ибрози умедворӣ нисбат ба шитоби бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Эрон ва Узбакистон таъкид кард: Хушбахтона бо иродаи раисони ҷумҳурии ду кишвар ҳамкориҳои иқтисодӣ бо рушди 70 дарсадӣ ҳамроҳ шуд ва ин раванд барои дастёбӣ ба рушди ҳадиақал 1 миллиард доллар идома пайдо хоҳад кард.

  • Виктор Маҳмудов, мушовири амнияти миллии Узбакистон низ бар тасреъи тавофуқҳои мақомоти олии ду кишвар барои ҳаддиаксарсозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, транзитӣ ва амниятӣ таъкид кард ва гуфт: Сафари дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Узбакистон метавонад нақши таъинкунандае дар шитоббахшӣ ба равобити ру ба тавсиаи ду кишвар ва поягузории ҳамкориҳои сабарабахши амнияӣ барои ҳифозат аз сулҳу субот  дар минтақа дошта бошад.
  • Мушовири амнияти миллии Узбакистон бо ибрози хурсандӣ аз узвияти Эрон дар СҲШ афзуд: Узбакистон ба унвони раиси давраии СҲШ аз ҳамаи зарфиятҳои худ барои узвияти доими Эрон дар ин созмон истифода хоҳад кард.

 

Барчасп