Март 09, 2022 21:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо шаҳрдори Қазвин
    Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо шаҳрдори Қазвин

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо шаҳрдори Қазвин дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо шаҳрдори Қазвин гуфт: Заминаи муносиб аз ҷамла тарҳҳои ташвиқӣ ва маъофиятҳои молиётӣ барои сармоягузорон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки воҳидҳои тавлидӣ дар шаҳракҳои саноатии Қазвин метавонанд бо истифоа аз он вориди бозори Тоҷикистон шаванд.

Дар ин дидор, ки дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Маҳдии Туробӣ муовини молӣ ва иқтисодии шаҳрдор ва Қосими Аллоҳёр раиси комиссиони фарҳангии шӯрои шаҳр шаҳрдори Қавинро ҳамроҳӣ карданд.

Шаҳрдори Қазвин дар ин дидор Қазвинро шаҳре бо зарфияти таърихӣ ва гардишгарӣ муъаррифӣ кард, ки метавонад мизбони гардишгарони тоҷик бошад.

Маҳдии Сабоғӣ ҳамчунин бар омодагии мудирияти шаҳри Қавзин барои фаъол кардани дипломосии шаҳрӣ бо шаҳрҳои кишварҳои минтақа ба вижа Тоҷикистон ва интиқоли таҷрубиёт ва дониши фаннӣ дар ҳавзаҳои шаҳрӣ таъкид кард.

  • Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бар истифода аз зарфиятҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ ва табодули таҷрубиёти мудирияти шаҳрӣ аз тариқи бастани тафоҳумнома ва ё бародархондагӣ миёни Қазвин ва шаҳрҳои Тоҷикистон таъкид кард.
  • Шаҳрдории Қазвин ва ҳайати ҳамроҳ ҷиҳати ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи шаҳрдорони осиёӣ ба Тоҷикистон сафар карда аст.

 

Барчасп