Сафарӣ: Эрон ба таҳкими равобити иқтисодӣ бо ҳамаи кишварҳо аҳамият медиҳад
Муовини дипломосии иқтисодии вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба тақвияту таҳкими равобити иқтисодӣ бо кишварҳои мухталиф дар ақсои нуқоти ҷаҳон аҳамият медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Сафарӣ дар остонаи баргузории понздаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, бори дигар бар рӯйкарди чандваҷҳии дипломосии иқтисодии давлати сездаҳуми Эрон таъкид карду афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ба тақвияту таҳкими равобити иқтисодӣ бо кишварҳои мухталиф дар ақсои нуқоти ҷаҳон аҳамият медиҳад ва дар ин миён кишварҳои ҳамсоя аз ҷойгоҳи вижае дар дипломосии иқтисодии Эрон бархурдор ҳастанд.
Сафарӣ зимни таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ба натиҷа расидани талошҳо барои барқарории дубораи парвозҳои мустақм байни Теҳрон-Боку ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: Баргузории понздаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин марҳила фурсати ғанимате аст, то ду кишвар дар сояи тафоҳумоту тавофуқоте ки дар заминаҳои мухталиф ба амал меоваранд, фасли ҷадидеро дар муносиботи иқтисодии ду кишвар бигушоянд.
Муовини дипломосии иқтисодии вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни инки чанд пружаи сохту соз дар Ҷумҳурии Озарбойҷони оғоз шуда, ибрози умедворӣ кард ширкатҳои эронӣ, ки аз тавоноӣ ва қобилияти бисёр хубе дар ин замина бархурдоранд битавонанд дар иҷрои пружаҳои бештаре мушорикат кунанд.
Чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон даи соли гузашта (1399 шамсӣ) бо масъулияти Вазорати умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
Понздаҳумини иҷлоси Комиссиюни муштараки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷони 19 ва 20 исфандмоҳи 1400 дар Боку баргузор мешавад.