Март 12, 2022 12:02 Asia/Dushanbe
  • Барафроштани парчами Ҳаким Низомӣ дар намояндагиҳои Эрон дар саросари дунё

Раиси Ситоди бузургдошти Ҳаким Низомӣ, дар маросими бузургдошти Ҳаким Низомӣ эълом кард, парчами Ҳаким Низомӣ, дар канори парчами Эрон дар тамоми намояндагиҳои Эрон дар саросари дунё барафрошта хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Маҳмуди Шолуӣ, раиси Ситоди бузургдошти Ҳаким Низомӣ дар ойини бузургдошти Ҳаким Низомӣ дар толори Ваҳдат, гуфт, имрӯз парчами Низомӣ дар канори парчами Эрон дар ҳамаи намояндагиҳои вазоратии умури хориҷа ба барафрошта шудааст, ки нишон диҳем ӯ мутааллиқ ба Эрон аст ва ҳеҷ кишваре наметавонад дар бораи ин шоир иддао дошта бошанд.

Вай дар ин маросим афзуд, аз рӯзи 15 исфандмоҳ дар ҳарами имом Ризо (а) дар ганҷина ва мӯзеи Остони Қудси Разавӣ, кори ин бузургдошт оғоз шуд ва пас аз он ҳамаи шаҳрҳо мизбон буданд.

Ҳаким Низомиро бешак бояд дар шумори бузургони шеъри форсӣ, ва аз устодони мусаллами ин забон донист.

Агарчӣ достонсароӣ дар забони форсӣ ба василаи Низомӣ шурӯ нашудааст, лекин танҳо шоире, ки то поёни қарни шашуми ҳиҷрӣ тавонист шеъри Тамсилеро дар забони форсӣ ба ҳади аълоӣ такомул бирасонад, Низомӣ аст.

Ҳакими Низомӣ дар интихоби алфозу калимоти муносибу эҷоди таркиботи хоси тоза ва ибдоъ ва ихтирои маъонӣ ва мазомини наву дилписанд ва тавсифи табиату ашхос ва аҳволи онҳо дар шумори касоне маҳсӯб мешавад, ки баъд аз худ назире наёфтааст.

Ҳар сол 21 исфандмоҳ дар тақвими расмии Эрон, бузургдошти ин шоири номдор дар назар гирифта шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп