Март 12, 2022 18:59 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии бонувони тэквандокори эронӣ дар ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ
    Қаҳрамонии бонувони тэквандокори эронӣ дар ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ

Бонувони тэквандокори Эрон қаҳрамони чаҳорумин давраи мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсиони ҷаҳонӣ дар Теҳрон шуданд.

Чаҳорумин давраи мусобиқоти тэквандои Ҷоми раёсати федератсион бо ҳузури 123 теквандокор аз Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Урдун, Қазоқистон, Лубнон, Покистон, Туркия, Узбакистон ва тими паноҳандагон дар бахши бонувон ва дар хонаи тэквандои Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бонувони тэквандокори Эрон дар радбандии ниҳоӣ ин мусобиқот бо панҷ медали тилло, се биринҷӣ ва 697 имтиёз унвони нахустро касб карданд, Урдун бо як тилло ва як нуқра ва як биринҷӣ ва 203 имтиёз ноиб қаҳрамон шуд ва Узбакистон бо як тилло, 2 биринҷӣ ва 173 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум истод.

Ҳамчунин тимҳои Қазоқистон бо як тилло ва 135 имтиёзо ба ҳамроҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо як нуқра, як биринҷӣ ва 84 имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳорум ва панҷум қарор гирифтанд.

Ба нафароти аввал то севвуми ин мусобиқот ба тартиб 12.20 ва 7.20 имтиёз  дар радабандии олампик таъаллуқ мегирад.

 

Барчасп