Март 13, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бархурдорӣ аз сармояи бебадили мардумӣ мояи мубоҳоти Сипоҳ аст

Сухангӯи Сипоҳ бо қадрдонӣ аз ҳузури огоҳонаи мардум дар ойинҳои ташйиъу видоъ бо посдорони ғаюри мудофеъи ҳарам, бархурдорӣ аз ин сармояи бебадилро мояи мубоҳоту медали ифтихори Сипоҳ ва посдорони амнияту оромиш тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паи истиқболи густарда ва ҳузури пуршӯри ҳамватанон дар ойинҳои ташйиъу видоъ бо пайкарҳои мутаҳҳари посдорони ғаюри мудофеъи ҳарам, сарҳанги посдор Эҳсони Карбалоипур ва сарҳанги посдори Муртазо Саидинажод  дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум ва Аҳвоз Рамазон Шарифӣ-сухангӯ ва масъӯли равобити умумии кулли Сипоҳ аз ҳузуру ҳамроҳии пуршӯри миллати огоҳу қадршиноси Эрон, қадрдонӣ кард .

Сухангӯи сипоҳ тасреҳ кард : Дар шароите ки душманони инқилоби исломӣ тамоми зарфиятҳо ва доштаҳои худро ба майдон овардаанд ва бо амалиёти равонӣ ва бомбаборони расонаӣ саъй дар илқои ноумедӣ ва эҷоди хадшаву монеъ дар пайгирии аҳдофу ормонҳои миллати Эрон доранд ; Баргузории бошукӯҳ ва ҳузури пуршӯри мардум дар ойинҳои ташйиъу хоксупории ин шуҳадои воломақом паёмҳои вижа,маънодору ноумедкунандае барои душманони инқилоб ва сипоҳ дорад .
Шарифӣ афзуд : Ҳамроҳии миллати басиру қадршиноси Эрони исломӣ бо ормонҳои инқилобу шуҳадои воломақом  баёнгари нокомии душманон дар пайгирии аҳдофи шум ва нангини худ аст.

Сухангӯи сипоҳ бо таъкид бар инки ин ҳузур азми посдорони инқилоби исломиро дар пайгирии аҳдофи волои инқилобу шуҳадо ва сиёнату посдорӣ аз амният, росихтар мекунад, гуфт : Амнияти пойдору мисолзадании Эрони исломӣ дар шароите,ки минтақаву ҷаҳон бо мухотироту буҳронҳои мухталиф рӯбарӯ аст, самараи ҳамдилӣ ва ҳамроҳии миллати огоҳу басири Эрони исломӣ бо неруҳои мусаллаҳу посдорони инқилоби исломӣ аст .
Шарифӣ тасреҳ кард : Сипоҳ ба унвони ходими миллат ҳамвора сипари балои кишвар баробари чолишҳо ва мушкилот будаву хоҳад буд.

Посдорони рашиди мудофеъи ҳарам сарҳанги посдор Эҳсони Карбалоипур ва сарҳанги посдор Муртазо Саъидинажод душанбе 7 марти 2022 дар ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба атрофи шаҳри Димишқи Сурия, ба дараҷаи рафеъи шаҳодат нойил омаданд.

 

Барчасп