Март 13, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхайро як бозии бурд , бурд барои Эрон ва азои дигари ин Созмон гуфта шудааст
    Узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхайро як бозии бурд , бурд барои Эрон ва азои дигари ин Созмон гуфта шудааст

Пас аз поёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ,ташакилҳои мутаъадиде дар гушаву канори ҷаҳон бо ҳадафи минтақаӣ ва байналмиллалӣ таъсис ва фаъол шуданд.

Ҳар кадом аз ташакулҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи хос ва вижае роҳандозӣ шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ "ЭКО" ва Иттиҳодия кишварҳои ҷануб ва шарқӣ Осиё "АСЕАН" аз ҷумлаи ин Иттиҳодияҳои байналмиллалӣ ҳастанд, ки тавонистаанд бахше ё тамоми аҳдоф ва хостаҳои давлатҳо ва миллатҳои узвро муҳақақ созанд. Бо вуҷӯди тамоми талошҳои сиёсатмадорони кишварҳои мухталиф барои эҷоди як ташакули ҷомеъ ва комили минтақаӣ ва байналмиллалӣ, ин ҳақиқатро наметавон инкор кард, ки ҳеч кадом  аз ташакулҳо натавонистаанд аҳдофи комилро барои давлатҳо ва миллатҳои як минтақа фароҳам кунанд. Дар ин миён, Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар даҳаи поёни қарни бистуми мелодӣ таъсис шуд, тавонистааст, бисёре аз хостаҳои миллатҳоива давлатҳои узвро муҳақақ созад.

Созмони Ҳамкориии Шанхай бо ҳадафи муқобила бо таҳдидҳои амниятии ҷадид дар соли 1996 мелодӣ бо унвони гурӯҳи Шанхайи 5 по ба арсаи вуҷӯд гузошт. Панҷ сол баъд, дар соли 2001 мелодӣ бо ҳадафи хос ва вижае таъсиси расмии худро эълом кард. Дар воқеъ  аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 мелодӣ дар Шанхайҳои Чин, ин Созмон бо фарозу  нишебҳои мутаъадиде ҳамроҳ будааст. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон дар солҳои 2006 ва 2015 мелодӣ дархости узвияти доимии худро дар ин Созмон ироа кард. Бо пайвастани Эрон ба ин Созмони байналмиллалии байни давлати, ин интизор дар миёни давлатҳо ва миллатҳои узв ба мизони зиёде тақвият шуда, ки Созмони Шанхай аз қудрати низомӣ ва дифоъии ғайри қобили рақобатӣ дар ҷаҳон бархурдор шавад. Дар ҳамин иртибот дар маросими вижае сурат ҷаласаи натоиҷи ройзаниҳои Эрон ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имзо шуд.

Дар маросими имзои ин санад Владимир Норов муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон, масъулони Созмони Ҳамкории Шанхай ва руасои ниҳодҳои ин ташкилоти байни давлати ҳузур доштанд. Ин санад аз омодагии Эрон барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва риояти аҳдоф ва усули маншури ин ташкилоти байни давлати тавассути Эрон ҳикоят доштааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эрон ҷараёни нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба узвияти ин Созмони байни давлати даромадааст. Дар ҳамон замон бисёре аз маҳофили сиёсии мустақил ва коршиносони сиёсӣ ва амниятӣ, Эронро ҳалқаи мафқудаи Созмони Ҳамкории Шанхай муарифӣ мекарданд.

Дар ин иртибот Владимир Норов муовини вазири хориҷаӣ ҷумҳурии Узбакистон ва як соҳибназари барҷаста дар умури Созмонҳои байни давлати муътақид аст:" Бо вурӯди кишваре монанди Эрон, масъулияти ҷуғрофиёии Созмони Ҳамкории Шанхай густариш ёфта ва чашмандози ҷадиде барои густариши ҳамкориҳои минтақаӣ боз шудааст".

Шояд ба ҳамин далел аст, ки маҳофили сиёсии мустақил, узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхайро як бозии бурд , бурд барои Эрон ва азои дигари ин Созмон талақи мекардаанд. Дар канори нафъе , ки Эрон аз ин узвият хоҳад бурд бо потенсиейли азими геополитика ( сиёсатӣ ҷуғрофиёи)  ва Геоэкономика  ( сарзаминҳое, ки дар иқтисоди ҷаҳон нақш доранд) худ метавонад дар қудратмандии ин Созмон нақши таъсиргузореро ифо кунад.

Яке аз далоили мухолифати Ғарб бо узвияти Эрон низ ҳамин воқеъияти наҳуфта будааст. Муруре бар ҷуғрофиёи қораи паҳноварӣ Осиё ва алалхусӯс минтақаи ғарбӣ Осиё, аз мунҳасир ба фард будани мавқеъияти геополитикаи Эрон дар ин қораи паҳновар ҳикоят дорад. Дар ҳақиқат, аз Эрон дар аксари тақсимбандиҳои сиёсӣ ва ҷуғрофиёии қораи Осиё ном мебаранд.

Эрон узве аз маҷмуъаи кишварҳои ғарбӣ Осиё аст. Яке аз азои кишварҳои воқеъ дар ҳошияи Халиҷи Форс аст. Аз азои кишварҳои ҳошияи дарёии Хазар аст ва бо манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва ҳатто Русия иртиботи заминӣ ё обӣ дорад. Дар айни ҳол Эрон бахше аз зермаҷмуъаи Осиёи ҷануби ғарбӣ қаламдод мешавад. бадеҳи аст, ки чунин мавқеъияти мунҳасир ба фарди Эронро аз як  тараф ба чаҳор роҳи мавосилот ( роҳи дастраси) ғарб ва шарқӣ ҷаҳон ва аз тарафи дигар ба марказӣ сиқл иртиботи шимол ва ҷануб табдил кардааст. Дар айни ҳол Эрон яке аз кишварҳои аслии ҷаҳон аз назари захоири нафт ва газ талақи мешавад ва бо доро будани ҷамъияти 80 миллион нафара аз бузургтарин кишварҳои минтақа ба шумор меравад. Аз ин назар дар канори мавқеъияти мунҳасир ба фарди геополитики бо потенсиейлҳои азими иқтисодӣ аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп